ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Модар одатан аз исмату орифагӣ, фариштахӯӣ, мақому манзалати занону духтарон ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногун зиёд мегӯянду менависанд. Бе тардид метавон гуфт, ки занону модарони мо арзандаи чунин таваҷҷуҳу қадршиносӣ, ки дар саргаҳи он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, ҳастанд. Ҳамон тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Мову шумо на фақат дар як Рӯзи Модар, яъне 8 март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем».
— Аксар маврид занонро бо истинод ба суханони пурҳикмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигини пурҷилои тоҷи миллат меноманд, ки аз лиҳози моҳияту манзалат комилан дуруст аст. Вале бояд донему ба таври шоиста арҷ гузорем, ки ҷилои бемислу монанди нигини тоҷи миллат самараи таваҷҷуҳу эҳтиром, самимияту ихлос ва дастгирии мунтазаму беназири Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ибратомӯз эҳтирому ихлоси беандозаи фарзанду модарро ба маъраз гузоштанд, мақому манзалати занонро ба таври бесобиқа боло бурданд ва аҳли ҷомеаро водор намуданд, ки ба амали нек пайравӣ намоянд. Доир ба мавзуи мавриди назар далелҳои зиёд метавон овард, вале бо зикри чанде аз онҳо, ки “қатрае аз баҳр” – анд, иктифо менамоям. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд. Қаблан, аз ҷумла дар замони шуравӣ зани тоҷик он мақому манзалатеро надошт, ки ҳоло дорад. Хуб дар хотир дорем, ки он айём аксар занони курсинишин намояндагони миллатҳои ғайр буданд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, аз аввалин ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи мавриди назар буда, ба маънои рамзӣ занони кишварро сари фармон овард. Муҳим он аст, ки Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвараш чунин фармон содир кардааст. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун замина барои таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси оила, «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд.
Дар маҷмуъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон қариб 30 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан мебошад. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи командони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 278 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ қариб 13 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо ин квота хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону занон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
Қобили зикр аст, ки аз файзи мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар, ки бунёдгузораш Пешвои миллат мебошанд, гурдофаридони тоҷик низ баҳраваранд. Занону модарони бонангу номуси мо дар оғози соҳибистиқлолӣ обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуда, ба таъбири Пешвои миллат, «мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».
Бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар 10 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занон либоси низомӣ ба бар намуда, сари китф ситора дар баробари мардон дар як саф қарор доранд. Теъдоди он дар маҷмуъ қариб ду ҳазор нафарро ташкил дода, дар миёни онҳо генерал ва қариб 100 нафар полковник мебошанд. Дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 32 нафар зан-хизматчии ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудаанд. Ҳамзамон ба таъминоти иҷтимоии занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, зиёда аз 80 зане, ки дар мақомоти низомӣ фаъолият доранд, бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин гардиданд. Муҳимтар аз ҳама, дар гузаштҳои низомӣ бонувон-хизматчиёни ҳарбӣ иштирок мекунанд, ки ин далели возеҳи садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳарчанд қаробату умумияти зан ба хизмати низомӣ, силоҳ ва либоси ҳарбӣ нисбатан кам аст, вале гурдофаридони тоҷик собит карданд, ки дар ҳифзи Ватан на камтар аз мардон метавонанд саҳим бошанд.
Ибтикори амалигардида интиҳои кор набуда, тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, “масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”.
Мактабе, ки шогирди он будан ифтихор аст
— Оҳҳҳ,- нидо карданд Пешвои миллат, замоне ки дар ноҳияи Сангвор расми якҷо бо модари бузургворашон наққошишударо эҳдо намуданд. Расмро бӯса кардаву баъд аз андак сукут гуфтанд: «Сабабгори хондани ман модарам аст. Падарам иҷозат надоданд, танҳо мемонам гуфта. Модарам гуфт, ки аз тани бачам низ кор мекунам, тамоми корҳои хоҷагиро иҷро менамоям. 12 сол падарамро, ки бистарӣ буданд, хеле хуб нигоҳубин карданд. Бисёр заҳмат кашиданд, илова бар ин ҳафт ятими аз акаву додарҳо мондаро ба воя расонданд, хонадор карданд. Модарам вақте сухан мегуфтанду насиҳат мекарданд, маслиҳат медоданд, мегуфтӣ академик аст». Пешвои миллат дар идома таъкид карданд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, касе гуфта наметавонад. Он суханоне, ки ман аз модар шунидам, аз касе нашунидаам. Ҳар фарде, ки дуои неки падару модарро гирифта бошад, ҳаҷаш қабул аст. Вобаста ба ғамхорӣ дар ҳаққи волидон бояд баҳонаҳои «ман вақт надорам», «серкорам» набошад. Ҳамаи моро маҳз модар ҳаст кардааст, пайғамбар низ аз домони поки модар ба дунё омадааст».
Ин намунаи ягонаи қадршиносиву самимият ва эҳтирому ихлоси Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба модарашон ва дар симои ӯ ба занону модарони тоҷику тоҷикистонӣ нест. Мо ба риққат омадани Пешвои миллат, хоса дар чашмонашон ашк ҳалқа заданро замони ифтитоҳи пайкараи модар дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд хуб дар хотир дорем. Ҳолати дигар соли 2023, вақти пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба амал омад. Шоҳид будам, ки вақте Пешвои миллат дар бобати модар бо самимияту эҳтироми хоса сухан гуфтанд, аҳли толор ашк рехтанд. Зимни пешниҳоди Паёми соли 2024 низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, минҷумла гуфта шуд, ки «хурдсолиатонро ба ёд оред, чӣ гуна аз Модар суханони меҳрубонона шунидед ва чӣ гуна ғамхорӣ дидед. Он меҳрубоние, ки Модар ба фарзанд мекунад, ягон шахси дигар карда наметавонад».
Ҳолати таваҷҷуҳбарангезу ҷолиби марбут ба масъалаи мавриди назар ҳангоми сафарҳои кории Пешвои миллат ба манотиқи гуногуни мамлакат зиёданд. Хосса, ба пешвози Роҳбари мамлакат баромадани модархонди солхӯрдаи бадахшонӣ ва муоширати фарзандвори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ, суханронии омиёна, вале бениҳоят самимии модари дарвозӣ дар ҳузури Пешвои раиятпарвари миллат бениҳоят таъсирбахшанд.
Дунё эътироф кардааст, ки Пешвои миллати мо соҳибмактабанд. Дар бораи мактаби сулҳофарӣ, ҷасорату мардонагӣ, сиёсатмадорӣ, бунёдкорӣ, қонунофарӣ ва тарбияи фарзанди ин Абармард таълифот шудааст, аз ҷумла аз ҷониби муаллифи сатрҳо. Мактаби дигаре ҳаст, ки мутаассифона, то ин вақт аз мадди назари пажӯҳишгарон, шоиру нависандагон, дар маҷмуъ аҳли зиё то андозае дур мондааст. Ин мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар буда, беназир, намунаи ибрат ва арзандаи ситоиш аст. Бе тамаллуқ метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёд гузоштани ин мактаб эҳтирому ихлоси беандозаи фарзанду модарро ба маъраз гузоштанд, мақому манзалати занонро таври бесобиқа боло бурданд ва аҳли ҷомеаро водор намуданд, ки ба амали нек пайравӣ намоянд.
Аз ин лиҳоз месазад аз мавҷудияти чунин мактаб ифтихор намоем. Ба саволҳое, ки дар робита ба иддао ва исрори мо пайдо мешаванд, бо далелҳои муътамаду раднопазир посух гӯем. Хонандаро ба дарки моҳияти масъала амиқтар барем ва муҳимияти пешниҳодамонро бозгӯ кунем. Бар замми ин, олимон, шуарову носиронро водор намоем, то баҳри таҳқиқи ин мактаб иқдом намоянд, онро дар қолаби жанрҳои гуногун васф кунанд.
Ба андешаи инҷониб хоса ва доимӣ будани таваҷҷуҳ ба ин мактаб омилу сабабҳои зиёд дорад. Аввалан, эҳтирому самимияте, ки Пешвои миллат нисбат ба модари худ доранд, зарурати устурасозӣ ва фарох сохтани домани тахайюлро аз байн мебарад, зеро бо зикру инъкос ва васфу тарғиби ин падида мо воқеиятеро бозгӯ менамоем, ки аз ҳама лиҳоз беназир асту ба маънои том шоистаи пайравӣ. Сониян, ба шарофати ин иқдом шахсияти модари нуронии покизатабор, ки доманаш саҷдагоҳи субҳи сафо буду фарзанди фарзонаашро бо обу дони вафо парваридааст, таври шоиста рӯнамоӣ мегардад. Хоса дар шароити ҷаҳонишавӣ арзишҳои марбут ба оила дар ҳошия қарор доранд, ин кор муҳим асту саривақтӣ.
Ба ҳеҷ ваҷҳ ҷанбаҳои мусбати ҷаҳонишавиро инкор намуданӣ нестем. Вале мадди назар бояд дошт, ки дар баробари паҳлуҳои мусбат ин раванд аз омилҳои манфӣ низ орӣ нест. Вобаста ба таъсири манфии раванди ҷаҳонишавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Ба андешаи ман, натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст». Дастури Президенти мамлакат дар бобати арҷгузории бародарону хоҳарон, ки ду сол қабл зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дода шуд, маҳз ба ин ҷанба рабт дорад.
Дар маҷмуъ, файзи мактаби эҳтиром ва самимияту муҳаббати фарзанд ба модар, ки бунёдгузораш Пешвои миллат ҳастанд, афзуну муҳассили он будан камоли ифтихор аст.
Чаро ояти шукронаи баъзе занон баръало нест?
Омиле, ки боиси то андозае бо танқид тавъам гардидани мақолаи камина ба муносибати Рӯзи Модар гардид, баръало набудани ояти шукронаи баъзе занон мебошад. Боиси нигаронист, ки бо вуҷуди нигарониву таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як идда занону духтарон ба пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо носозгор майл дошта, ба ғайр аз ин, дигаронро ба ин кор талқин намуда истодаанд. Ин раванд то ҳадде боиси нигаронӣ гардидааст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат хитоб намуданд: “Модарони азизу меҳрубон, бонувони азиз, бо пӯшидани либосҳои бегона дигаронро асабӣ накунед, ношукрӣ накунед. Шукронаи ҳамин давлатро кунед, шукронаи ҳамин сарзамини биҳиштосо кунед. Маданияти либоспӯширо фаромӯш накунед, мо- тоҷикон аз қадим намунаи либоспӯшӣ будем”.
Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ин масъала мунтазам дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, зимни суханрониашон 6 марти соли 2018 Роҳбари хирадсолори кишвар, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест». Дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 17 июли соли гузашта доир гардид, ин масъала мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Илова бар ин, дар яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Модар гуфтанд, ки: «ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад».
Дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли 2024 доир гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози «ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳои ғайриарабӣ либоси миллии худро ба шартҳои исломӣ мутобиқ карданду халос», ба баҳси марбут ба ин масъала нуқта гузоштанд. Мутаассифона, то кунун ин раванд қатъ нагардида, аз ин лиҳоз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки “дар ин самт бояд ҷиддӣ кор кард”.
Мадди назар бояд дошт, ки ҷомеа дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлол, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд. Бинобар ин, ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолӣ бояд меҳвару ҷавҳари корҳои идеологии мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил диҳад.
Барои комёб будан дар ин самт Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти азимро ба зимма дорад. Эътироф бояд кард, ки барои маъмул гардидани либоси миллӣ аз ҷониби ин ниҳод корҳои муайян ба сомон расидаанд, вале рағбати баъзе занону духтарон ба бегонапарастӣ вобаста ба интихоби либос ҳамоно боиси нигаронист. Баргузор намудани чорабиниҳо, аз ҷумла “Тоҷикона мепӯшем” ҷанбаҳои зиёди мусбат дорад, вале корро тавре ба роҳ бояд монд, ки тоҷикона пӯшидан шуур бошад, на шиор.
Муҳим ва муфид хоҳад буд, агар Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамгироӣ бо роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, бо сармашқи кор қарор додани суханони Пешвои миллат корҳои марбут ба мафкурасозиро тавсеа бахшанд, то занону бонувоне, ки вобаста ба масъалаи мавриди назар то андозае гумроҳ шудаанд, сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд.
Аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ки либосҳои занонае, ки айни замон дар Аврупо маъмуланд, занон дар замонҳои қадим, аниқтараш то омадани ислом мепӯшиданд. Бинобар ин, пӯшидани либосҳои аврупоӣ аз ҷониби занони тоҷик ҷои тааҷҷуб ва маънии риоя накардани таомули миллиро надорад.
Мисоли дигар пӯшидани куртаҳо бо нақшҳои гулдӯзӣ ва чакан аз асри биринҷӣ мебошад, ки то кунун идома дорад. Ин омил рамзу ҳикмат дорад, зеро табиати мо рангоранг аст ва тарзи либоспӯшии одамон маҳсули табиат, муҳити ба воя расидаашон мебошад. Бинобар ин, мехоҳанд либосашон инъикоси табиати муҳиташон бошад. Аз ин лиҳоз, мардуми мо матои сафедро бо риштаҳои рангоранг гулдӯзӣ менамоянд.
Бо истинод ба ин ва дигар далелҳои раднопазир ба занону духтарон шарҳу тавзеҳ бояд дод, ки миллати тоҷик фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла либоси миллии худро дошт. Ҳарчанд бо зуҳури ислом пайравони ин дин либосҳои миллии худро бо назардошти унсурҳои динию мазҳабӣ такмил дода, мувофиқ гардониданд, вале тарҳҳои анъанавии миллӣ дар либоспӯшӣ ҳифз гардид. Муҳимтар аз ҳама, ҳамватанони мо бояд дарк намоянд, ки афзалият додан ба либоси миллӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои муносибати дуюмдараҷа зоҳир намудан ба арзишҳои миллӣ, динӣ ва мазҳабиро надорад.
Мутмаинам, ки ояндаи наздик ин раванди номатлуб комилан аз байн хоҳад рафт. Ҳамон тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойин ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»,
номзади илмҳои сиёсӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд






