ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд

Март 29, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тоқидӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадимии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, асрҳо боз дар байни занону духтарони мо мавқеи хосса дорад. Ин навъи ҳунар ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ ва ҳунари хонагӣ то имрӯз ривоҷ ёфтааст.

Тоқӣ — каллапӯши суннатии тоҷикон ва баъзе халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Асосан ду шакл тоқӣ мавҷуд аст: мудаввар ва чоркунҷа. Онро дар шимоли мамлакат «тӯппӣ» ва дар водиҳои Ҳисору Рашт, вилоятҳои Хатлону Бадахшон «тоқӣ» меноманд.

Ин навъи ҳунар дар минтақаҳои Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони мамлакатҳои ҳамсоя аз ҷиҳати шакл, тарзи дӯхт, нақшу нигор, анвои матоъ аз якдигар тафовут дорад. Дар байни тоҷикон намудҳои тоқии чакан, ироқӣ, зардӯзӣ, тӯрдӯзӣ, чортарк, чустӣ, чамандигул, муҳрадор, арӯсӣ, кулута, тоқисарак, арақчин ва амсоли инҳо маъмуланд. Тоқӣ навъҳои мардона, занона ва кӯдакона дорад.

Ба маълумоти ҳунармандон, тоқӣ аз қисмҳои тора, гирда, астар, пилта, шероз, мағзӣ ва пӯпак иборат мебошад. Тарзи дӯхташ чунин аст: нахуст дар матои пахтагин дар теппа (тора) нақш кашида мешавад. Онро бо сӯзан ва риштаҳои ранга гулдӯзӣ мекунанд. Тораро дар шакли давра бурида, аз таги он астар мегузоранд ва бо сӯзан аз маркази давраи тоқӣ то канорҳои он ба тарзи мувозӣ медӯзанд. Чун ин кор ба анҷом расид, пораҳои пахта ё қоғазро тобида пилта карда, ба сӯрохиҳои хати мувозӣ меандозанд, ки дар натиҷа тори тоқӣ мустаҳкам ва ғафс мешавад. Шерози тоқиҳо бо ду усул дӯхта мешавад. Баъзе шерозҳои тангбар дар дӯконҳои чӯбии заминӣ бофта мешаванд, ки онҳо нақшҳои нисбатан сода дошта, аз ду – се намуди риштаҳои ранга иборат мебошан. Шерозҳои нисбатан барашон паҳнтар дар матоъ тавассути асбоби дӯзандагии дирафш дӯхта мешаванд. Шерозро гирдогирди тоқӣ бо қисми гирда медӯзанд ва дар қисмати нӯг ба нӯг омадани ду тарафи шероз аз риштаҳои ранга ва ё якранг пӯпак сохта, пайваст менамоянд. Вазифаи пӯпак на танҳо ороиши иловагӣ, балки пӯшондани қисмати пайванди нӯгҳои шероз мебошад. Мағзӣ аз матои сиёҳи пахтагин ва ё абрешимӣ бурида мешавад ва онро дар қисми поёни тоқиҳои чоркунҷаи чустӣ, ироқӣ, зардӯзӣ ва муҳрадӯзӣ ба ҷойи шероз медӯзанд. Дар тоқиҳои бадахшони низ бештар мағзӣ истифода мегардад.

Нақшҳои маъмултарин дар тоқӣ қаламфур, бодом, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав, гулҳои садбарг, лола ва ғайра мебошанд. Ин ҳама ба худ маънии хос дошта, орзуву омоли мардумро бозтоб менамояд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тоқидӯзӣ дубора эҳё шуда, ба сарчашмаи даромад барои садҳо занону духтарон табдил ёфтааст. Хусусан дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ин навъи ҳунар рушд намуд. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, марказҳои ҳунаромӯзӣ ва даврҳои омӯзиши тоқидӯзӣ ташкил шудаанд, ки ҷавондухтарон ва занони хонанишинро бо шуғл таъмин менамоянд.

Тоқиҳои халқи тоҷик бо шаклҳои гуногун имрӯз на танҳо дар бозори маҳаллӣ, балки дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ муаррифӣ мешаванд. Онҳо дар чунин намоишгоҳҳо ҳамчун туҳфаи миллии сайёҳӣ ва рамзи ҳувияти тоҷикона ҷойгоҳи хос доранд.

Ба андешаи ҳунармандон, ҳунари тоқидӯзӣ ҳамчун бахши муҳими фарҳанги ғайримоддии тоҷикон дар пайи рушди рӯзгори муосир бояд нигоҳдорӣ, таблиғ ва омӯзиш ёбад.

Бояд гуфт, ки тоқӣ яке аз унсурҳои муҳими либоси миллии тоҷикон ба шумор рафта, дар баробари зебоӣ ва ороиш нишонаи ҳувият ва мансубияти маҳаллии шахс низ мебошад. Дар гузашта аз рӯйи нақшу нигор, ранг ва тарзи дӯхти тоқӣ муайян кардан мумкин буд, ки шахс сокини кадом минтақа аст. Ҳамин хусусият боис гардидааст, ки тоқӣ ҳамчун рамзи фарҳанги миллӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон ҳифз гардад.

Дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат ва оғози соли нави аҷдодӣ мебошад, мардуми тоҷик бо эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ либоси миллиро ба бар мекунанд. Дар ин рӯз мардону занон, ҷавонон ва кӯдакон тоқии хоси минтақаи худро ба сар гузошта, бо ин роҳ ба фарҳанг ва суннатҳои миллӣ арҷ мегузоранд.

Тоқиҳои наврӯзӣ одатан бо нақшу нигорҳои гулдор ва рангҳои дурахшон оро дода мешаванд, ки рамзи баҳор, шукуфоӣ ва зебоии табиат мебошанд. Инчунин ҳар минтақаи Тоҷикистон тоқии хоси худро дорад, ки бо услуби гулдӯзӣ, тарҳи нақш ва рангҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Тоқӣ дар айёми Наврӯз на танҳо ҷузъи либоси миллӣ, балки рамзи ҳифзи анъанаҳои аҷдодӣ, ифтихори миллӣ ва пайванди наслҳо маҳсуб мешавад.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 29, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Растаниҳои баҳории ҷағ-ҷағ ва ҷамилак барои бемориҳои фишорбаландӣ муфиданд
Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид