Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид

Март 28, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳо байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид. Санади мазкур 26 марти соли равон дар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар ҳузури Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки аз 26 марти соли равон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардиданд, ки то 30 март идома меёбанд.

26 март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Узбекистон» дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Консерти тантанавии «Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт. Баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Узбекистонро метавон намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ байни мардумони ду кишвар арзёбӣ намуд.

26 март дар изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «дар рафти музокирот мо тасмими худро барои минбаъд низ фаъолона густариш додани мубодилаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ тасдиқ кардем».

«Тавре муҳтарам Шавкат Миромонович изҳор намуданд, мо дастгирии фаъолро идома дода, барои ҷамъияти узбекон дар Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон дар Узбекистон ҷиҳати ҳифз ва рушди забонҳои модарӣ, фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорем. Якҷо лоиҳаҳоро оид ба бунёди мактабҳо ва донишгоҳҳо ҷиҳати фароҳам овардани имкони таҳсил ба забони модарӣ барои онҳо таҳия хоҳем кард», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 28, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд