Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк маросими расмии имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди ҷиноятҳои киберӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, санади мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат имзо намуд.
Ҳуҷҷати имзошуда бо номи расмии – «Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бар зидди баъзе ҷиноятҳои муайяни бо истифода аз низоми иттилоотию коммуникатсионӣ содиршаванда ва дар мубодилаи далелҳои шакли электронии марбут ба ҷиноятҳои вазнин» то 31 декабри 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид барои имзо боз буда, то имрӯз онро 75 кишвар имзо намудаанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






