Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд

Март 13, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool тақвият медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Шветсия бо намояндагони оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои марбут ба фаъолияти бозорҳои муосири неруи барқ, таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ дар ташкили савдои озоди неруи барқ, инчунин механизмҳои танзими бозори минтақавии барқ баррасӣ гардиданд.
‎
‎Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи рушди минбаъдаи низоми энергетикӣ ва ҳамгироии бозори минтақавии неруи барқ ба омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ, аз ҷумла таҷрибаи Nord Pool таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
‎
‎Намояндагони оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool ҳамзамон барои мубодилаи таҷриба, машваратҳои коршиносӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди бозори муосири неруи барқ ибрози омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст