«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ҳамоиши бошукуҳи наврӯзии аъзои ҳизби ноҳия баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, дар доираи ҳамоиш ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои суннатӣ ва дастовардҳои хонандагон ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ба ҳунар ва дастовардҳои сокинон баҳои баланд доданд.
Зимни ҳамоиш Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки ҷавҳари таърихию фарҳангии Наврӯз саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта, накӯкорию созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Ин ҷашни бузурги бостонӣ бо обу хок, марзу бум ва руҳи зиндагисозу тамаддунофари халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳамин аст, ки расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангию таҳаммулгарои мо созгор мебошанд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст».
Гуфта шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва рамзи дӯстию ҳамдилӣ бори дигар ваҳдати мардум ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллиро таҷассум намуда, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷашни мардумӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра фаъолони ин деҳа Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва ноҳия тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон




























Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






