«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд

Март 12, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандону масъулини Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, ки маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти шиори «Тоҷикистонро ба кишвари сабз» табдил медиҳем! дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони Вазорати нақлиёти мамлакат иштирок намуданд.

Ба шахсони масъул оид ба таъмини нигоҳубини мунтазами ниҳоли дарахтон, беҳтар кардани ҳолати қитъа ва тавсеаи корҳои ниҳолшинонӣ дар доираи барномаи давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Тибқи Нақшаи амал оид ба татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», Вазорати нақлиёт ва муассисаю корхонаҳои тобеи он солҳои 2025-2027 бояд 360 ҳазор, аз ҷумла соли равон 120 ҳазор бех ниҳол шинонанд. Аз аввали соли равон дар қитъаҳои гуногун ва шафати шоҳроҳҳои мамлакат 26 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.

Барои татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» Вазорати нақлиёт бояд дар маҷмуъ дар саросари мамлакат 5 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонад. Ин масъала таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар ҳама минтақаҳо вобаста ба шароити иқлимӣ маъракаи сабзазоркунӣ идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон қабул гардида, тибқи Нақшаи амал дар қаламрави мамлакат то соли 2040 бояд зиёда аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида шавад. Ниҳолҳо на танҳо дар ҳудуди ҷангалзор, балки дар шаҳрҳо, канори роҳҳо, атрофи заминҳои кишоварзӣ ва минтақаҳои кӯҳӣ низ шинонида мешаванд. Ба дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ, ки ба иқлими хушки минтақа тобовар мебошанд, афзалият дода мешавад.

Мақсади асосии таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мубориза бо чангу ғубор, муътадилсозии иқлим, беҳтар сохтани вазъи муҳити зист ва коҳиши обшавии пиряхҳо мебошад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад