ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба фаро расидани фасли баҳор кишоварзони мамлакат ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинанд. Барои гирифтани ҳосили фаровон кишоварзон заминҳоро сари вақт шудгор менамоянд. Дар гузашта мардуми тоҷик дар фасли баҳор баробари гарм шудани ҳаво ва бедоршавии табиат аз хоби зимистона маросими ҷуфтбароронро иҷро мекарданд. Ин маросимро аз қадимулайём кишоварзони тоҷик дар оғози фаъолияти деҳқонӣ дар мавсими нави кишоварзӣ бо тантанаю хурсандиҳо доир менамуданд ва он ба ҷашни оммавӣ табдил меёфт.
Шудгори имрӯза дар гузашта бо номҳои «ҷуфтбаророн», «қӯшбаророн» ва «юғмонон» маъмул буд. Ин маросим дар гӯшаю канори мамлакат вобаста ба иқлим ва шароити табиат дар водиҳо ва минтақаҳои гарм барвақттар ва дар мавзеъҳои кӯҳсор дертар баргузор мешуд.
Дар оғози маросими ҷуфтбаророн аҳли деҳа ба он омодагӣ медиданд. Ҳар оила мувофиқи имкон хӯрок пухта, ба ҷойи муайянгардида меовард.
Дар ноҳияи Варзоб аз хӯрокҳо оши бурида ва далда бештар омода карда мешуд, ки рамзи баракату фаровониро доштанд. Дар деҳаҳои Мастчоҳ оши борик (оши бурида) ва атола мепухтанд ва барои ҷуфтгарон ба саҳро мебурданд. Равған дар боварҳои мардум рамзи баракату серҳосилӣ ба шумор меравад. Равғанро ба гардани барзаговҳо мемолиданд. Дар маросими ҷуфтбаророн амалҳои эътиқодии дигар низ иҷро карда мешуданд. Масалан, рӯзи ҷуфтбаророн ба барзаговҳо яктогӣ нон мехӯронданд. Бо ин амал кишоварзон соли серию пурӣ шуданро орзу мекарданд. Барои дафъ кардани қувваҳои нопок ҳазориспандро дуд андохта, аз болои он барзаговҳоро гузаронида, баъд барои заминронӣ ба саҳро мерафтанд. Инчунин ба ҳар шохи говон яктогӣ нон мехалониданд. Нонҳои боқимондаро ба ҳаво партофта, мегуфтанд: «Эй ҳаво, нон бибор, ғалла бибор!». Сипас нонҳоро аз замин гирифта, мехӯрданд. Нонҳои ба шохи говҳо халонидаро барои хӯрдан ба худи барзаговҳо медоданд.
Сокинони ноҳияҳои Ишкошиму Вахон дар ин рӯз аз орду об ва равғану шир таоми махсус омода мекарданд, ки мардум онро «кочӣ» меномиданд.
Ҷуфтбаророн маросими шукронаи деҳқон аз корҳои кишоварзӣ ва орзую талаби баракату фаровонӣ ва серию пурӣ мебошад, ки аз замонҳои хеле қадим то ба имрӯз омада расидааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд






