33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст

Апрель 10, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси яке аз сохторҳои низомии пурқудрати мамлакат- Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон 33 сол пур мешавад. Ин сохтори пурқудрати мамлакат 10 апрели соли 1993 ҳамчун ниҳоди асосии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон аз 6 қисми ҳарбӣ иборат аст. Инчунин дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисмҳои ҳарбӣ фаъолият мебаранд, ки онҳо барои таъмини амният, ҳифзи тартибот ва дифои мамлакат нақши муҳим доранд.

Бо дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбии қӯшунҳо  сохтмону навсозӣ ва таъмиру ободгардонӣ амалӣ гардида, барои фаъолияти хизматӣ, таълимот ва фароғати ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла,  дар қисмҳои ҳарбӣ ҳаммоми замонавӣ, синфхонаи компютерӣ, сартарошхона, нуқтаи тиббӣ, қисми навбатдорӣ, нуқтаи назорати гузаргоҳ, анбори нигоҳдории меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ, инчунин майдони сафороии қисми ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Барои тарбияи ҷисмонии ҳайати шахсӣ дар қисми ҳарбӣ майдони варзишии намунавӣ сохта шуд.

Инчунин барои машғул шудани сарбозон ба илмомӯзӣ ва касбу хунарҳои гуногун имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар қисмҳои низомии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ амал менамоянд. Мақсади гузаронидани ин даврҳо дар баробари соҳибкасб намудани насли ҷавон ва азхуд кардани ҳунарҳои асили миллӣ бо ҷалби устоҳои моҳир ҳамчунин дар замири онҳо бедор намудани ҳисси худшиносӣ мебошад. Ҳамзамон сарбозон баъди анҷоми хизмати Ватан-Модар соҳиби касбу ҳунари муайян гардида, метавонанд онро манбаи пешбурди рӯзгорашон қарор диҳанд.

Барои таъмини иҷрои дастури Ҳукумати Тоҷикистон дар назди раёсат ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудаанд. Фаъолияти онҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва моҳипарварӣ равона гардидааст, ки ба ин васила ғизои ҳамарӯзаи сарбозон беҳтар гардонида мешавад.

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси қӯшун намунаи ибрати афсарону сарбозони дигар сохторҳои ҳарбии мамлакат мебошанд.  Таърих гувоҳ аст, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандӯстиро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон додаанд. Имрӯзҳо қувваи Қӯшунҳои дохилӣ асосан ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва таъмини амнияти иншооти махсусан муҳими давлатӣ равона гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони ин сохтор чунин изҳор доштанд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳоро дар назди давлат ва халқ адо менамоед».

Бояд гуфт, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбиро ба таври доимӣ баланд нигоҳ дошта, дар кори ҳифзи манфиатҳои халқу давлат, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии давлат саҳми арзанда мегузорад.

Дар ҳама давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст. Кормандони милитсия дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро намуданд. Онҳо якҷоя бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа ҳаётан муҳим буда, муваффақияти кормандони ин сохтор ба кордонӣ, донишҳои мукаммали зарурӣ, аз ҷумла сиёсӣ, фаврӣ ва фарҳанги баланди муносибат бо мардум вобастагии амиқ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 ноябри соли 2025 зимни  паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик изҳор намуданд, ки «вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ сахт нигарон намудаанд».

Сарвари давлат таъкид намуданд ки дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбӣ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.

Ёдовар мешавем, ки теъдоди ҳайати шахсии ин ниҳод, ки  дар тобеияти Вазорати корҳои дохилӣ  фаъолият мекунад, бо ташаббус ва дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра зиёд гардида, дар ин замина воҳидҳои ҷангии амалкунандаи қӯшун такмил ёфтанд. Ин омил барои ба ҳадди назаррас тақвият ёфтани омодабошии ҷангии Қӯшунҳои дохилӣ мусоидат менамояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 10, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?