Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи маҷозии навбатии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Занони Осиёи Марказӣ: вазифаҳои афзалиятнок ва амалҳои муштарак» бо ташаббуси Намояндагии махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ, роҳбарии Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Сенати Мажлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа Раиси Сенати Мажлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева изҳор намуд, ки баланд бардоштани фаъолияти занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, рӯнамо кардани иқтидори онҳо ва таҳкими нақши занон дар идоракунии давлатӣ хеле муҳим мебошад. Иброз гардид, ки баланд бардоштани нақши занон дар Осиёи Марказӣ на танҳо омили рушди ҷомеа, балки гарави сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ буда, муколама ҳамбастагӣ ва ҳамкории занонро ба сатҳи нав мебарад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки фаъолияти Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон дар баргузории ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон шоистаи таҳсин мебошад. Ин ҷаласа ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои муҳими муколама саҳми назаррас гузошта, дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки дар тӯли беш аз 5 соли фаъолият Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонист худро ҳамчун майдони бонуфузи минтақавӣ барои муҳокимаи масъалаҳои нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ намояд. Ҳамзамон он ҳамчун платформаи устувор ва пурмазмуни минтақавӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равишҳои мувофиқашуда ба масъалаҳои асосии рӯзномаи минтақавӣ мусоидат менамояд.
Муколамаи занон — роҳбарони Осиёи Марказӣ на танҳо як макони мубодилаи афкор, балки механизми ташаккули меъмории муосири ҳамкории минтақавӣ мебошад, ки дар он овози занон қисми ҷудонашаванда аз нигоҳи стратегии минтақаи оянда мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории худро ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, рушди эътимод, ҳамсоягии нек ва шарикӣ тасдиқ намуда, занонро ҳамчун манбаи асосии сулҳ, устуворӣ ва пешрафт мешуморад.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардонро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ баррасӣ менамояд. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳое, ки ба густариши иштироки занон дар ҳаёти сиесӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа равона шудаанд, пайваста амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷаласаи мазкур Раисони парламентҳои ҷумҳуриҳои Узбекистон, Озарбойҷон ва Туркманистон, муовини Раиси парламенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок, суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳои кори ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён «Нақшаи кории Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ таҳти Раёсати Узбекистон барои соли 2026» мавриди муҳокима қарор дода шуда, ҷонибдорӣ гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Тоҷикистону Кипр робитаҳои байнипарламентиро тақвият медиҳанд
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба иқтисод ва молия бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи экологӣ доир шуд
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд






