Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Апрель 23, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел вохӯрии директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамкорӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди хизмати давлатӣ, ки 15 майи соли 2009 дар шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федералии Олмон ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.

Дар доираи ин ҳамкорӣ аз соли 2009 то ҳоло якчанд барномаҳои муҳим амалӣ карда шудаанд, аз ҷумла ташкили магистратураҳои яксола ва дусола аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ташкили даври омӯзишии дуалӣ барои омодасозии ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд.

Чунин ҳамкорӣ дар айни замон идома дошта, 25 хизматчии давлатӣ дар магистратураи яксола таҳсил доранд. Аз 20 апрели соли 2026 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даври омӯзишии «Зан-сарвар» бо фарогирии 17 зани хизматчии давлатӣ идома дорад.

Иброз гардид, ки чунин ҳамкорӣ ба рушди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиён ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат менамояд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд