Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо, роҳбари Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) Камол Кишор баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар коҳиши хатари офатҳо, инчунин саҳми UNDRR дар дастгирии кишварҳо дар тақвияти муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ карданд. Зимни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» ва чораҳо оид ба беҳтар кардани системаҳои огоҳкунии барвақтӣ ва вокуниш зоҳир карда шуд.
Инчунин рӯзномаи ҷаҳонии об дар заминаи қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Раванди оби Душанбе, ки ҳадафи он муттаҳид кардани талошҳои байналмилалӣ барои таъмини рушди устувори об мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






