Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тақвият меёбад

Апрель 28, 2026 11:32

ДУШАНБЕ, 28.04.2026./АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Вазири алоқа ва иттилооти Ҷумҳурии Беларус Кирилл Залесский баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мулоқот дар доираи ҷаласаи панҷуми вазирони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек баргузор гардид.

Ҷонибҳо инчунин оид ба татбиқи стратегияҳои миллӣ дар самти рақамикунонӣ, рушди зеҳни сунъӣ, муосирсозии инфрасохтори рақамӣ ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии электронӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкорӣ барои ташаккули экосистемаи устувори инноватсионӣ, рушди муҳити мусоид барои фаъолияти стартапҳо, инчунин таъсиси марказҳои муштараки технологӣ ва платформаҳои рақамии ҳамкорӣ зоҳир гардид. Ҳамзамон масъалаҳо оид ба таҳкими амнияти киберӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ карда шуданд.

Дар анҷом мусоҳибон барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард