Байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Бюрои савдои Вэнтсзяни Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Апрель 1, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои савдои ноҳияи Вэнтсзяни шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин палата хабар доданд.

Ин санад зимни вохӯрии намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ҳайати вилояти Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вохӯрӣ намояндагони 5 ширкати чинӣ ва 8 корхонаи ватанӣ иштирок намуданд.

Вохӯрӣ дар шакли B2B баргузор гардида, дар доираи он ҷонибҳо бо фаъолияти якдигар шинос шуданд. Ҳамзамон дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сохтмон, консалтинг, мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ, инчунин парвариши сабзавот ва меваҳо баррасӣ гардид.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд