Байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Беларус Харитаи роҳ оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Харитаи роҳ оид ба ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2026–2027 ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба БелТА.
Ба санади мазкур, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни ҳар ду вилоят мусоидат намояд, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Анатолий Исаченко имзо гузоштанд.
Зимни мулоқоте, ки дар Могилёв баргузор шуд, ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Таъкид гардид, ки солҳои охир ҳамкории байни ду минтақа рушд ёфта, нишондиҳандаҳои мусбати муносибатҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Изҳори умед карда шуд, ки харитаи роҳ ба густариши минбаъдаи робитаҳо ва таҳкими шарикии амалии байни минтақаҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Интизор меравад, ки ҳайати Тоҷикистон дар вилояти Могилёв аз як қатор корхонаҳои саноатӣ боздид намояд ва мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом диҳад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус









Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






