Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Конференсия ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030), Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ (2025-2034), Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 бахшида шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки баргузории Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар шароити муосир аҳамияти муҳим касб менамояд. Илми академӣ ҳамчун заминаи боэътимоди рушди устувори давлат ва ҷомеа дар татбиқи самараноки стратегияҳои миллӣ, пешбурди иқтисодиёти рақамӣ, тавсеаи равандҳои инноватсионӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии ҷумҳурӣ нақши калидӣ дорад.
Таъкид гардид, ки дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф шароити мусоид фароҳам оварда шуда, имрӯз олимони тоҷик метавонанд дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ҳамкории байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд.
«Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир, густариши фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва истифодаи дастовардҳои илми муосир яке аз омилҳои асосии таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Дар ин замина ҷалби неруи зеҳнии ҷавонон ба илм, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардиданд»,-гуфта шуд дар конференсия.
Олимону муҳаққиқон дар маърузаҳояшон оид ба натиҷаҳои илмии дар самтҳои гуногуни таҳқиқот, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, технологияҳои муосир, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ бадастовардаашон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик ду ҳафта идома ёфта, дар доираи он баргузории конфронсҳо, машваратҳо, суҳбатҳо, намоишҳои дастовардҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин чорабиниҳо олимон, магистрантон ва докторантон маърузаи илмӣ намуда, натиҷаҳои таҳқиқоташонро муаррифӣ менамоянд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






