Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Ғолибони озмун соҳиби туҳфаҳои арзишманд гардида, ҳамчунин ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Мақсади асосӣ аз баргузории озмун ин омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, завқи дастархонороӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Ҳадафи дигари ин озмун ҳавасмандгардонии кадбонуҳо, занони соҳибзавқу ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, зиёд намудани ҷойҳои кории нав, шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ мебошад.
Довталабони озмун таомҳои миллӣ ва маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла қатмол, фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайра тайёр намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






