Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 16 синфхонаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Дар маросими оғози сохтмон раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, роҳбарону кормандони соҳаи маориф ва фаъолон иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки иқдоми мазкур бо саҳми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло амалӣ гардида, намунаи равшани шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушду пешрафти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Иншооти мазкур тибқи нақшаи лоиҳаи сохтмонӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси ноҳия иброз намуд, ки бо дастгирии сиёсати давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ тадриҷан мушкилоти норасоии синфхонаҳо бартараф гардида, барои хонандагон шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки бинои нави иловагӣ дорои синфхонаҳои замонавӣ буда, ба беҳтар гардидани сифати таълим ва фарогирии бештари хонандагон мусоидат менамояд.
Соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар баробари бунёди иншооти мазкур барои сохтмони бинои нави иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69 ва дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ саҳмгузорӣ менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






