Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид

Апрель 13, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон итилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ буда, дар тарбияи насли наврас ва ҳифзи амнияти давлат нақши муҳим мебозад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шуданд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли соли 2026 дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлвтии шаҳри Бӯстон

Апрель 13, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад