Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд

Апрель 13, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026», ки дар соҳили дарёи Чангоб гузаронида шуд, 12,4 метри мукааб партов ҷамъоварӣ гардида, тавассути нақлиёти махсус ба партовгоҳи шаҳри Ҳисор интиқол дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ҳадафи он аз баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани соҳилҳо иборат буд.

Дар ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, Корхонаи манзилию коммуналӣ, аъзои фаъоли ташкилоти «Созандагони Ватан» ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.

Ташкили чунин ҳашарҳо барои беҳдошти вазъи экологӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад