Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид

Апрель 8, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. То оғози моҳи апрел дар Тоҷикистон дар 811 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он 751 гектарро боғ ва 60 гектарро токзор ташкил дода, 64 гектар боғи интенсивӣ ва 2 гектар ситрусӣ мебошад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барқароркунии боғу токзори кӯҳна 2627 гектар, аз он 2342 гектарро боғ ва 285 гектарро токзор дар бар мегирад.

Инчунин то 3 апрели соли 2026 дар ҷумҳурӣ дар 123 558 гектар башаклдарории боғу токзор, коркарди байни қаторҳо ва коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2024 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

Мақсад ва вазифаҳои асосии барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, вусъати иқтисоди «сабз», ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд