Дар Тоҷикистон намояндагии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ифтитоҳ меёбад

Апрель 27, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ифтитоҳи намояндагии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (ЮНЕП) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва директори иҷроияи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист хонум Ингер Андерсен баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи Саммити минтақавии экологӣ (RES-2026) дар шаҳри Остона баргузор гардида, дар он масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар доираи ваколатҳои ЮНЕП баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти махсуси қатъномаи қабулнамудаи Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар маҷмӯъ, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ» (UNEP/EA.7/Res.10)-ро таъкид намуданд.

Ингер Андерсен омодагии худро барои ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин қатънома иброз дошт.

Дар анҷом ҷонибҳо вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ ва дигар самтҳои муҳими экологӣ табодули афкор намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд