Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар гурӯҳи «А»-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҷойи аввалро ишғол намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дасати мунтахаби мамлакат бо натиҷаҳои устувор дар бозиҳои интихобӣ рақибонро паси сар карда, мавқеи пешсафиро дар гурӯҳ таъмин намуд. Бо ин дастовард дастаи Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 бо иштироки беҳтарин дастаҳои қора баргузор гардида, дастаи мунтахаби Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки бори дигар дар сатҳи баланд иштирок намояд.
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






