Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологӣ қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои муҳити зист буда, бо назардошти ин дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Дар асоси он дар мамлакат беш аз як миллиард бех дарахт бо мақсади барқарорсозии низомҳои экологии ҷангал шинонида мешавад. Ин нукта зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити минтақавиии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор», ки 22 апрел дар шаҳри Остона баргузор шуд, баён гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон бо дахли дастовардҳои мамлакат дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи муҳити зист изҳор намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати умумии ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ дар кишвар аз 2,5 то 22 фоиз афзоиш ёфт. Илова бар ин, Тоҷикистон барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни давлатиро барои ҳифзи намудҳои беназир ва нодири ҳайвоноти кӯҳӣ фаъолона амалӣ мекунад.
Ин тадбирҳо, аз ҷумла ба ҳифз ва афзоиши саршумори бабри барфӣ — яке аз рамзҳои низомҳои экологии кӯҳии Осиёи Марказӣ, инчунин бузи пармашох ё морхӯр, гӯсфанди кӯҳӣ ва архар, ки бо номи гӯсфанди Марко Поло маъруф аст, равона гардидаанд.
«Ин ва дигар талошҳои мо ба ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва таъмини эҳтиром ба табиат нигаронида шудаанд»,- таъкид намуданд Сарвари давлати Тоҷикистон.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






