ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид

Апрель 5, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷамъоварии қулфинай оғоз гардидааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Хоҷагии деҳқонии Бобои Раҳматшо дорои 70 садяк замин буда, дар он гармхонаи муосир ташкил гардидааст. Дар ин гармхона  қулфинай бо  усули обёрии қатрагӣ парвариш меёбад.

Иброз гардид, ки даҳ сол мешавад, ки кишоварзони ин хоҷагӣ ба парвариши қулфинай машғул мебошанд. Кишоварзон навъҳои қулфинайи туркӣ ва амрикоиро парвариш менамоянд, ки  дар бозорҳои истеъмолии мамлакат харидори зиёд доранд. Ба иттилои хоҷагидорон, навъи қулфинайи туркӣ  пас аз ҷамъоварӣ дар шароити муътадил як ҳафта сифати худро метавонад нигоҳ дорад.

Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Раҳматшо Искандаров мебошад. Ҳарчанд  бобои Раҳматшо 86-сола  аст, вале ин пири рӯзгордида бо аҳли хонаводааш заҳмат кашида, на танҳо зиндагии шоистаи фарзандонро таъмин мекунад, балки барои  сокинони маҳал низ шароити мусоиди корӣ фароҳам меорад, то дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳисса гузоранд.

Таъкид гардид, ки дар гармхонаҳо ниҳолҳо аз моҳи август парвариш ёфта, бо нуриҳои минералӣ таъмин мегарданд. Ҷамъоварии қулфинай аз моҳи октябр то нимаи моҳи май идома меёбад. Дар айни замон аз ин гармхона то 500 килограмм меваи тару тоза ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.  Дар хоҷагии деҳқонӣ 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Ноҳияи Вахш бо парвариши қулфинайи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат машҳур аст. Деҳқонон тамоми саъю талошашонро ба он равона кардаанд, ки ҳосили фаровон рӯёнанд.

Қулфинай сарчашмаи бойи витаминҳои А, В, С, Е ва минералҳои калий, фосфор, калтсий, магний, оҳан, йод ва манган мебошад. Мева дорои маҷмуи пурраи ҷузъҳои фаъоли биологие мебошад, ки ба организм таъсир мерасонанд, саломатиро пурқувват ва сар задани бемориҳои гуногунро пешгирӣ менамоянд.

Мунира АБДУРАСУЛОВА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 5, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид