Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад

Апрель 22, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии давлатии Австрия оид ба лоиҳаи таҷдиди «Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе» ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки маблағи созишномаи қарзи имтиёзнок 10 миллион Евроро ташкил дода, барои муҷаҳҳазгардонии Маркази илмии саратоншиносии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо таҷҳизоти ташхисии соҳавии истеҳсоли кишварҳои Аврупо, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи саратоншиносӣ равона карда мешавад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид