Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Левакант бо ибтикори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Хатлон пойгаи мотосиклронӣ гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант, Кӯлоб ва ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа варзишӣ бештар ҷавонон иштирок намуданд. Нахуст даври санҷишӣ доир гардида, сипас сабқат барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб баргузор гардид.
Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа дастаи мотосиклронҳои шаҳри Душанбе мақоми аввал, дастаи мотосиклронҳои шаҳри Турсунзода ҷойи дуюм ва мотосиклронҳои вилояти Хатлон мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибон аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо Ҷом, медал, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди устувори соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ дода, барои дастгирии варзишгарони ҷавон ва равнақи бештари ин соҳа дар саросари ҷумҳурӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.
Мотосиклронӣ ҳамчун навъи ҳарбӣ-техникии варзиш аз варзишгар малакаи баланди ронандагӣ, суръатнокӣ ва чолокӣ дар идоракунии онро тақозо дорад. Моҳияти асосии ин навъи варзиш бедор намудани шавқу завқи наврасону ҷавонон нисбат ба техника ва омода намудани онҳо барои рондани воситаҳои техникии калонҳаҷм мебошад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад






