Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳони муосир коррупсия мушкилии ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба рушди устувори давлатҳо таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад. Он ба самаранокии идоракунии давлатӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ ва сатҳи эътимоди ҷомеа халал ворид менамояд. Махсусан барои давлатҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба коррупсия яке аз шартҳои асосии таъмини рушди устувор ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
— Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози истиқлолият ба масъалаи мубориза бо коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадриҷан низоми ҳуқуқӣ ва институтсионалиро такмил медиҳад.
Аз нуқтаи назариявӣ, коррупсия ҳамчун омиле арзёбӣ мешавад, ки метавонад захираҳои иқтисодиро нодуруст тақсим намуда, самаранокии бозор ва институтҳоро коҳиш диҳад. Тибқи назарияҳои иқтисодӣ, коррупсия сабаби баланд шудани хароҷоти амалиётӣ, паст шудани сифати хизматрасониҳо ва коҳиши сармоягузориҳои хориҷӣ мегардад.
Илова бар ин, коррупсия ба адолати иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонида, нобаробариро афзоиш медиҳад ва метавонад ба суст шудани волоияти қонун ва коҳиши эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ сабаб гардад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия ҳамчун унсури ҷудонашавандаи рушди устувор баррасӣ мегардад.
Тибқи таҳқиқоти байналмилалӣ, аз ҷумла гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ коррупсия боиси коҳиши самаранокии идоракунии давлатӣ ва суст гардидани рушди иқтисодӣ мегардад. Ҳамзамон маълумоти индекси дарки коррупсияи ташкилоти Transparency International нишон медиҳад, ки сатҳи баланди коррупсия ба паст будани сатҳи эътимоди ҷомеа ва заъфи институтҳо алоқаманд аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия тадриҷан ташаккул ёфтааст. Қабули қонунҳои соҳавӣ, таъсиси мақомоти ваколатдор ва таҳияи барномаҳои давлатӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ҳамчун санади асосии ҳуқуқӣ принсипҳо, субъектҳо ва механизмҳои муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, асоси институтсионалии сиёсати давлатӣ дар ин самтро ташкил медиҳад.
Қадами муҳим дар ин раванд ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия мебошад, ки ба мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуд.
«Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030» ҳамчун ҳуҷҷати калидии барномавӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатро муайян менамояд. Стратегия ба таҳкими шаффофият, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва рушди механизмҳои назорат равона шудааст.
Тибқи тавсияҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), мубориза бо коррупсия бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати рушди устувор баррасӣ гардида, ба таҳкими институтҳо ва баланд бардоштани шаффофият равона шавад.
Дар адабиёти илмӣ ва сиёсати давлатӣ масъалаи таҳкими давлатдорӣ ва волоияти қонун ҳамчун шарти асосии муқовимат ба коррупсия мавқеи муҳим дорад. Аз ҷумла, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳояшон таъкид менамоянд, ки бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ заминаи асосии пешгирии зуҳуроти манфӣ, аз ҷумла коррупсия мебошад.
Солҳои охир истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳамчун воситаи муассири муқовимат ба коррупсия аҳамияти бештар пайдо кардааст. Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронии давлатӣ, худкорсозии равандҳои идоракунӣ ва рушди платформаҳои рақамӣ имконият медиҳад, ки таъсири омилҳои инсонӣ коҳиш ёфта, сатҳи шаффофият ва дастрасии хизматрасониҳо беҳтар гардад.
Дар натиҷа тамоси мустақими байни шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ маҳдуд гардида, имконияти содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам мешавад, ки инро таҳқиқоти байналмилалӣ низ тасдиқ мекунад.
Муқовимати самаранок ба коррупсия бе иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ғайриимкон мебошад. Ташкилоти ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва институтҳои таҳқиқотӣ дар ин кор метавонанд тавассути мониторинг, таҳлил ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.
Ҳамзамон ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт аҳамияти муҳим дорад. Иштирок дар ташаббусҳо ва барномаҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва истифодаи механизмҳои пешқадами ҷаҳонӣ ба таҳкими сиёсати миллӣ мусоидат менамояд.
Дар ин замина муқовимат ба коррупсия инчунин бо татбиқи ҳадафи 16-и рушди устувор – «Сулҳ, адолат ва институтҳои қавӣ» робитаи зич дошта, ба таҳкими волоияти қонун, коҳиши коррупсия ва рушди институтҳои муассир равона гардидааст.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар низоми муқовимат ба коррупсия ҳанӯз ҳам мушкилот боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, зарурати такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ва таҳкими назорати ҷамъиятӣ эҳсос мегардад.
Дар ин замина истифодаи усулҳои муосири идоракунии хавфҳои коррупсионӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ метавонанд ба баланд шудани самаранокии сиёсати зиддикоррупсионӣ мусоидат намоянд.
Дар маҷмуъ, муқовимат ба коррупсия ҳамчун раванди бисёрҷониба ва дарозмуддат яке аз омилҳои асосии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Татбиқи босамари стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ба коҳиш додани сатҳи коррупсия ва таҳкими давлатдорӣ мусоидат намоянд.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки танҳо тавассути ислоҳоти комплексӣ ва ҳамоҳангшуда метавон ба коҳиши устувори коррупсия ноил гардид, ки дар ниҳоят он барои рушди устувор ва некӯаҳволии аҳолӣ замина фароҳам меорад.
Исломҷон МАМАТҚУЛОВ,
сармутахассис оид ба иттилооти Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ






