Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд

Апрель 22, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкорӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ аз масъалаҳое буд, ки дар Вашингтон дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода бо директори Барномаи шарикии машваратӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ (RAMP)-и Хазинадории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ хонум Катаржина Зайдел-Куровска баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ, табодули дониш ва такмили иқтидори касбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Гуфта шуд, ки тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт барои татбиқи усулҳои муосири идоракунии захираҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти идоракунии берунаи дороиҳо, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ барои оғози сармоягузории мустақими Бонки миллии Тоҷикистон ба коғазҳои қиматноки давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва татбиқи муштараки ташаббусҳо дар самти идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд