Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд

Апрель 28, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ», ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, масъалаи муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки форуми байналмилалӣ бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) гузаронида шуд.

Дар форум намояндагони Тоҷикистон аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иштирок намуданд.

Иштирокдорони форум масъалаҳои марбут ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар ин самт, табодули таҷриба байни мақомоти дахлдори давлатҳои минтақа ва таҳияи чораҳои муштарак барои муқовимат ба ҷинояткории фаромиллиро муҳокима намуда, пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи Форуми байналмилалии «Таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ» Эъломияи Самарқанд қабул гардид. Он мавқеи муттаҳиди давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллии маводи нашъаовар таҳким мебахшад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид