Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми 10-уми байналмилалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Барселона иштирок намуд

Апрель 29, 2026 08:56

ДУШАНБЕ, 29.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар Форуми 10-уми байналмилалии шарикии давлат ва бахши хусусии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE), ки аз 27 то 29 апрели соли 2026 дар шаҳри Барселонаи Испания баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода  дар  панели сатҳи баланд доир ба инфрасохтори устувор барои ояндаи устувор, муҳиммияти механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар бунёди инфрасохтори устувор, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисоди рақамӣ, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) оид ба лоиҳаҳои дар ин самт амалишаванда дар Тоҷикистон маълумот дод.

Намояндаи доимии Тоҷикистон Шараф Шерализода  ҷалби маблағгузории «сабз», маблағҳои ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва фондҳои сармоягузориро барои амалисозии лоиҳаҳои инфрасохтори устувор, харидории технологияҳои «сабз», гузариш ба иқтисоди рақамӣ, расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳонро муҳим арзёбӣ кард.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Апрель 29, 2026 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд