Оид ба саҳми олимони ҷавон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд

Апрель 12, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми олимони ҷавон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт.

Дар ҳамоиш дастовардҳои илмии олимони ҷавон, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот ва табодули таҷрибаи илмӣ дар самтҳои гуногуни таърих, бостоншиносӣ ва антропологӣ баррасӣ шуд. Ҳамзамон аҳамияти рушди илм, нақши олимони ҷавон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик ва зарурати ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ таъкид гардид.

Олимони ҷавони институт дар мавзуъҳои «Нақши гули лола дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим», «Маводи нави антропологӣ аз таҳгӯрхонаи ёдгории Искодар», «Сарчашмаҳои ҳуқуқии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва «Коркарди ранг тибқи «Баёну-с-синоот»-и Ҳубайши Тифлисӣ» маъруза намуданд.

Дар мубоҳисаҳои судманд аҳамияти таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ, махсусан саҳми олимони ҷавон дар рушди илми таърих иброз гардид. Гуфта шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими ҳамкории илмӣ ва рушди мактаби илмии миллӣ нақши муҳим доранд.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш

Апрель 12, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд