ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид

Апрель 21, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Офатҳои табиӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо одамон ва иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд мерасонанд, ки хавфи онҳоро тавассути тадбирҳои фаъол ва банақшагирӣ коҳиш додан мумкин аст. Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағҳои назарраси буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷудо менамояд.

Тавре зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ҳифзи аҳолии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Каримҷон Маҳмадзода иттилоъ дод, соли 2026 дар асоси фармоиши Комиссияи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои гузаронидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои осебпазири мамлакат беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ҷумла, барои корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Гулрези ноҳияи Тоҷикобод беш аз  1 миллион сомонӣ,  барои деҳоти Басири ноҳияи Рӯшон зиёда аз 2 миллион сомонӣ,  барои рӯдхонаҳои Зугванд ва Баршори Ҷамоати деҳоти Зонг ва Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои пешгирикунанда дар мавзеъҳои осебпазири ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ беш аз 56 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар назар аст, ки дар мавзеъҳои осебпазири ин ноҳия 50 ҳазор тахтасанги ҳимоявӣ сохта, насб карда шаванд.

«Бо ин маблағ барои шаҳру ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харида шуда, корҳои пешгирикунӣ аз офатҳои табиӣ, барқароркунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд», – изҳор дошт Каримҷон Маҳмадзода.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар мавзеъҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва минтақаҳое, ки эҳтимоли рух додани ҳолатҳои фавқулода мавҷуд аст, ситодҳои доимӣ ташкил карда шудаанд. Инчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби кормандони ташкилоту корхона ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода навбатдории шабонарӯзӣ доир мешавад.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019–2034» амалӣ мегардад. Ҳадафи ин стратегия коҳиш додани хисороти молию ҷонӣ, таҳкими чораҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани сатҳи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Тибқи таҳлилҳо, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар офатҳои табиии сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд. Хисороти асосии молию ҷонӣ низ маҳз аз ҳамин навъи офатҳо ба иқтисоди миллӣ ва амнияти аҳолӣ мерасад.

Дар ин замина корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маҳз бо мақсади коҳиш додани хавфи селу обхезиҳо, ҳифзи манзилҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва иншооти муҳими иҷтимоию инфрасохторӣ анҷом дода мешаванд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки чунин тадбирҳо яке аз воситаҳои муассири пешгирии ҳолатҳои фавқулода буда, дар якчанд минтақа хатари такрорёбии селу обхезиҳоро ба таври назаррас коҳиш додаанд.

Дар маҷмуъ, татбиқи пайвастаи чорабиниҳои муҳандисӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф на танҳо хисороти эҳтимолии молиявиро коҳиш медиҳад, балки ба таъмини амнияти аҳолӣ, рушди устувори маҳалҳо ва болоравии эътимоди шаҳрвандон ба сиёсати давлатӣ дар самти ҳифз аз офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.

Дар замони муосир тағйирёбии иқлим, зиёдшавии аҳолӣ ва фишори антропогенӣ ба муҳити зист рӯ ба афзоиш буда, офатҳои табиӣ ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти инсон ва рушди устувор табдил ёфтаанд. Афзоиши мунтазами шумораи ҳолатҳои фавқулода дар ҷаҳон зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи муштараки усулҳои наву муосир ва механизмҳои нави ташкил ва гузаронидани тадбирҳои огоҳсозандаро тақозо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони асосии масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва устувории экологӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Сарвари давлат аз минбари баланди созмонҳои ҷаҳонӣ чандин маротиба ташаббусҳои муҳими байналмилалие пешниҳод намудаанд, ки ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ алоқаманд мебошанд. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»» (2005–2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»» (2018–2028) ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» (2025).

Ин ташаббусҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, ба таври расмӣ мавриди амал қарор гирифтаанд. Ҳадафи онҳо таъмини дастрасӣ ба об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирии офатҳо ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 21, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд