Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ду моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ба буҷети давлатӣ ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз ворид гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 марти соли равон дар мақомоти ҳудудии андоз 58 ҳазору 268 соҳибкори инфиродӣ дар асоси патент ва 67 ҳазору 607 нафар тибқи шаҳодатномаи бо шартҳои махсус фаъолияткунанда ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 10 ҳазору 233 нафар ва маблағи воридоти андозҳо мутаносибан 12,1 миллион сомонӣ бештар ҷамъоварӣ карда шуд.
Ҳарчанд шумора ва маблағи воридоти андозҳо дар 2 моҳи соли 2026 дар мақомоти ҳудудии андоз афзоиш ёфтааст, аммо дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо маблағи воридоти андозҳо кам шудааст. Аз ҷумла, камшавии маблағи андозҳо аз ҳисоби патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус асосан ба шаҳру ноҳияҳои Шоҳмансур (92 ҳазор сомонӣ), Сино (407,8 ҳазор сомонӣ), Турсунзода (151 ҳазор сомонӣ), Варзоб (39 ҳазор сомонӣ), Вахш (171 ҳазор сомонӣ), Ванҷ (72 ҳазор сомонӣ) ва Хоруғ (21 ҳазор сомонӣ) рост меояд. Дар ин давра камшавии шумораи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда низ дар чанд шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Шоҳмансур (145 нафар), Сино (637 нафар), Турсунзода (283 нафар), Лахш (31 нафар), Данғара (14 нафар), Ёвон (8 нафар) ва Бӯстон (11 нафар).
Иҷрои нақшаи пешбинишуда дар 2 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ маҷмуан ба андозаи 72,9 фоиз таъмин шудааст. Ин нишондод аз ҳисоби соҳибкорони дар асоси патент фаъолияткунанда мутаносибан дар ҳаҷми 64,6 фоиз ва аз ҳисоби соҳибкорони тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда дар ҳаҷми 75,7 фоиз иҷро гардидааст.
Нишондиҳандаи пешбинишуда дар шаҳри Душанбе 59,4 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 71,8 фоиз, вилояти Суғд 84,7 фоиз, вилояти Хатлон 70,7 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 64,1 фоиз таъмин гардидааст. Дар 2 моҳи соли 2026 маблағҳои ҳисобшудаи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 75,2 миллион сомониро ташкил дода, маблағи андозҳои ба буҷет воридшуда ба 71,3 миллион сомонӣ баробар мебошад, ки тафовути маблағи андозҳои ба буҷет вориднашуда аз ин ҳисоб 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






