ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, ҷумъа, 114-умин рӯзи соли 2026 аст
24 апрели соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ доир гардид.
***
24 апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизил-қалъа Бохтар, идомаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар», ки 9,2 километрро ташкил медиҳад, шинос шуданд.
***
24 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд.
***
24 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.
РӮЙДОДҲО:
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳамраъйии ҷавонон.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти лабораторӣ.
***
Ҳафтаи умумиҷаҳонии иммунизатсия.
***
Рӯзи байналмилалии ҳамрайъӣ ва дипломатия барои сулҳ
***
Дар ин рӯзи соли 2018 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин муҳокима гардид.
***
24 апрели соли 2014 Агентии миллии иттилоотии «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ин рӯз дар Брюссел мизи мудаввар дар мавзуи «Тоҷикистон ва Қирғизистон: соҳибкорӣ ва имконияти сармоягузорӣ, нақши Иттиҳоди Аврупо дар дастгирии соҳибкории хурду миёна» баргузор гардид.
***
24 апрели соли 2014 масоили рушди ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Корея муҳокима шуд.
***
24 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе 16-умин намоишгоҳи байналмилалии низоми маориф доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1973 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон оркестри камеравӣ таъсис ёфт.
***
24 апрели соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Ҷумҳурии Украина барқарор гардиданд.
***
Соли 1962 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори нахуст дар дунё интиқоли мавҷи телевизионӣ аз як шаҳр ба шаҳри дигар тавассути моҳвора анҷом дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Шумқор Одинабеков -соли 1928— сарояндаи маъруфи тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, панҷшанбе, 113-умин рӯзи соли 2026 аст






