ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, якшанбе, 116-умин рӯзи соли 2026 аст
26 апрели соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзуи «Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули «аз пештара ҳам хубтар» ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
26 апрели соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
***
26 апрели соли 2023 зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин ва Попи Рим мулоқот намуданд. Инчунин баъди анҷоми мулоқот аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан идома дошт, ба анҷом расид.
***
26 апрели соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим огли Гасанов ва Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд — Смит эътимоднома қабул намуданд.
***
26 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушовири давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиераро ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин муҳокима карда шуданд.
***
26 апрели соли 2001 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли САҲА Ян Кубиш доир гардид.
26 АПРЕЛ:
Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.
***
Рӯзи забони модарӣ дар Тотористон
РӮЙДОДҲО:
26 апрели соли 2014 дар Москва мулоқоти Иттиҳоди ташхисгарон дар мавзуи «Коҳиши сатҳи ҷиноят дар сафи ҷавонон тавассути паст кардани талаботи маводи нашъаовар дар асоси офият ва аз нав иҷтимоигардонии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар» баргузор гардид.
***
26 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе консерт бо иштироки ҳунармандони санъати мусиқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон доир гашт.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин дурнамои ояндаи он муҳокима шуданд.
***
26 апрели соли 2018 гуфтушуниди сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон доир шуд.
***
26 апрели соли 1986 дар Неругоҳи ҳастаии Чернобил садама ба амал омад, ки дар таърих садамаи мудҳиштарини ядроӣ маҳсуб мешавад.
***
Соли 1991 дар Рига Фестивали байналмилалии нахустини ҳаҷв ва зарофатгӯӣ кушода шуд.
***
Соли 1921 дар Лондон аввалин полиси патрул (бо мошин) пайдо шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 апрел, сешанбе, 118-умин рӯзи соли 2026 аст






