Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта бо иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ба ҷомеаи рақамии пешрафта ва иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил ёбад. Зеро дар марҳилаи нави рушди босуръати пешрафти технологияҳои рақамӣ ва ташаккули иқтисоди рақамӣ давлатҳое муваффақанд, ки тавонистаанд сиёсати худро ба талаботи инқилоби рақамӣ мутобиқ намоянд.
Тоҷикистон низ бо дарки ин раванд роҳи интихобкардаашро ба сӯи иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи инноватсионӣ бо устуворӣ ва диди стратегӣ идома медиҳад.
Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия — қадами устувор
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди масъули Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Ҳайдарзода иброз намуд, Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 на танҳо ташаббуси сиёсӣ, балки таҷассумгари иродаи қавии давлатӣ барои гузариш ба низоми нави рақамӣ мебошанд.
Гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои 5G
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ин ташаббус барномаи мукаммали таҷдиди сохтории иқтисод ва идоракунии давлатӣ буда, ба ташаккули низоми мутамаркази рақамӣ ва муҳити мусоиди инноватсионӣ равона гардидааст. Дар заминаи он такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ-ҷӣ (5G) рушд додани инфрасохтори рақамӣ, марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани тадбирҳо дар самти таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумот ҳамчун ҳадафҳои муҳим муайян шудаанд.
Ба андешаи Одил Ҳайдарзода, дар ин раванд нақши асосиро ниҳоди ваколатдори соҳавӣ, яъне Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебозад, ки ҳамчун маркази ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия фаъолият дорад. Маҳз тавассути иқдоми системавии ин ниҳод дар муддати кӯтоҳ пояҳои институтсионалӣ, инфрасохторӣ ва ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ ташаккул ёфта, равандҳои идоракунӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардиданд.
ekhizmat.tj – инфрасохтори марказонидаи хизматрасонӣ
Рушди хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот буда, бо ташкили Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj) ба марҳилаи амалӣ ворид гардид. Мусоҳиби мо бар он назар аст, ки ин пойгоҳ, ки ҳамчун инфрасохтори марказонидаи хизматрасонӣ фаъолият менамояд, имконият медиҳад шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасониҳои давлатиро ба таври фосилавӣ, фаврӣ ва бе муроҷиати мустақим ба идораҳо дастрас намоянд.
Инчунин бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ тасдиқ гардида, номгӯйи 927 хизматрасонии давлатӣ ба таври мушаххас муайян карда шудааст.
Ворид гардидани 100 намуди хизматрасонии давлатӣ ба портали ekhizmat.tj
Ба ҳолати имрӯза 100 намуди хизматрасонии давлатӣ ба Портали ягона ворид гардида, барои истифодаи шаҳрвандон дар шакли электронӣ дастрас мебошанд.
Одил Ҳайдарзода мегӯяд, ки қадами навбатӣ бояд ба васеъ намудани фарогирии хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва таҳкими ҳамгироии байниидоравӣ равона гардад. Шаҳрвандон имкони дастрас намудани хизматрасониҳоро аз оғоз то анҷом дар доираи як раванд доранд. Дар чунин низом зарурати муроҷиати такрорӣ ва пешниҳоди маълумоти якхела ба мақомоти гуногун бартараф мегардад.
Яке аз дастовардҳои ин раванд ҷорӣ гардидани Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ мебошад, ки имрӯз зиёда аз 940 мақомоти давлатӣ ва зерсохторҳо ба он пайваст гардида, 15 ҳазору 100 нафар аз ин низом истифода менамоянд. Одил Ҳайдарзода меафзояд, ки низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ мубодилаи мукотиботро бе истифодаи коғаз таъмин намуда, суръат, шаффофият ва назорати равандҳоро ба таври назаррас беҳтар гардонидааст.
ehukumat.tj ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро беҳтар намуд
Ҳамзамон бо мақсади ҳамгироии захираҳои иттилоотӣ ва таъмини фазои ягонаи рақамӣ Портали ягонаи мақомоти давлатӣ (ehukumat.tj) таҳия ва ба истифода дода шуд. Дар натиҷа ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот ва дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти расмӣ ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Таъсиси «Маркази ҳифзи маълумот»
Дар баробари рушди инфрасохтори рақамӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаи амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот зоҳир мегардад. Таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои муосири назорат ва муҳофизати иттилоот имконият фароҳам овардааст, ки устуворӣ ва амнияти низомҳои давлатӣ таъмин гардида, эътимоди ҷомеа ба хизматрасониҳои давлатӣ таҳким ёбад.
Фаъолияти паркҳои технологӣ
Таъсиси паркҳои технологӣ дар замони муосир ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойи нави кор ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ, дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳои тиҷоратии нав ва афзоиши ҳиссаи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат менамояд, меафзояд корманди масъули Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
70 резидент дар IT-Парки Душанбе
Дар ин замина бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид барои дастгирӣ ва рушди ширкатҳои соҳавии технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе IT-Парк таъсис ёфт, ки бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукӣ 70 субъект (резидент) дар он ба қайд гирифта шудаанд. Паркҳои технологӣ дар замони муосир ҳамчун пешбарандаи иқтисоди инноватсионӣ шинохта мешаванд. Онҳо стартапҳоро ба бозор мебароранд, маҳсулоти рақамӣ содирот менамоянд ва байни илм, тиҷорат ва давлат пайванди устувор месозанд.
Иқтидори кадрии соҳа-омили рушди устувор
Иқтидори кадрии соҳаи инноватсия омили асосии таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии мамлакат маҳсуб мешавад, зеро амалӣ намудани лоиҳаҳои рақамӣ ва идоракунии технологияҳои муосир танҳо бо донишу малакаи касбӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани иқтидори кадрии соҳа бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» таъсис ёфта, дар назди он литсейҳои равияи риёзӣ-техникӣ ифтитоҳ гардиданд.
Тақвияти заминаи ҳуқуқӣ низ яке аз дастовардҳои муҳими давраи гузариш ба иқтисоди рақамӣ мебошад. Қабули якчанд қонуну қарорҳои Ҳукумат ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки рушди соҳа бо дастгирии ҳамаҷониба таъмин гардидааст. Ин раванд барои танзими муносибатҳои нави рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта шароити мусоид фароҳам меорад.
Натиҷаҳои амалии рақамикунонӣ дар соҳаҳои калидии иқтисод низ ба таври возеҳ эҳсос мегарданд. Ҷорӣ намудани низомҳои электронии идоракунӣ дар бахши гумрук, рақамикунонии пурраи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин татбиқи технологияҳои муосири айнияткунонӣ сатҳи шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳоро ба таври назаррас баланд бардоштанд. Ин раванд ба коҳиши хароҷот, суръатбахшии расмиёт ва беҳбуди сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Устувории пояҳои иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон
Дар маҷмуъ, дастовардҳои соҳа гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон дар марҳилаи кӯтоҳ тавонист пояҳои зарурии иқтисоди рақамӣ ва низоми миллии инноватсияро бо такя ба инфрасохтори муосир, институтҳои устувор ва сиёсати дурбинона ташаккул диҳад. Ин заминаҳо имкон медиҳанд, ки солҳои минбаъда раванди рақамикунонӣ бо суръати бештар идома ёфта, мамлакат ба сатҳи нави рушди иқтисодӣ ва технологӣ барояд.
Бо чунин дидгоҳи стратегӣ ва эълони Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) Тоҷикистон метавонад ба ҷомеаи рақамии пешрафта ва иқтисоди инноватсионии рақобатпазир табдил ёбад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








20 май — Рӯзи умумиҷаҳонии метрология: дар Тоҷикистон соҳаи метрология рушд меёбад
Раванди ислоҳоти низоми гумрукӣ ва татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд
Масоили омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар саммити роҳбарони Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) дар Боку иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Фархор шинос шуд
Дар Нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд
Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи озмоишии андозбандии соҳибкорони инфиродиро шарҳ медиҳад
Дар Душанбе рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, рушди қарздиҳии ипотекӣ ва маблағгузории «сабз» баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
Тоҷикистон ба қатори 3 давлати пешсафи ислоҳотгари соҳаи савдо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дохил шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 17-уми Гурӯҳи баррасии татбиқи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо коррупсия иштирок дорад






