Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд

Апрель 28, 2026 17:40

 ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ тақвият  медиҳанд. Дар робита ба он ва дар доираи ҷаласаи панҷуми вазирони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Вазири рушди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Ҷумҳурии Қирғизистон Азамат Жамангулов мулоқот намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ, рушди экосистемаи инноватсионӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳоро  баррасӣ намуданд.

Инчунин ба  табодули таҷриба дар самти рушди ҳукумати электронӣ, дастгирии стартапҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкории амалӣ ва нишон додани  ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок ибрози омодагӣ намуданд.

Дар анҷом зарурати идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими шарикӣ байни ду давлат дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои инноватсионӣ таъкид гардид.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд