ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?

Апрель 5, 2026 14:00

 ДУШАНБЕ, 05.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 хоҷагии махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи асосии онҳо таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятию инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусияти биологӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ аз истифодаи тухмиҳои сертификатсияшуда вобастагӣ дорад.

Барои кишти соли 2026 дар ҷумҳурӣ гандуми тухмӣ 76429 тонна,  пунбадонаи тухмӣ 20 702,7 тонна ва  тухми картошка 228140,2 тоннаро ташкил медиҳад. Инчунин хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ тухмии зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 4300 тонна пунбадонаи тухмӣ, 6756 тонна гандум, 90 тонна ҷав, 14063 тонна картошка, 146 тонна шолӣ, 3,8 тонна юнучқа, 4,0 тонна маъсар ва 2,2 зағир истеҳсол намуданд.

Аз тарафи шарикони рушд ва соҳибкорон 102 тонна гандуми тухмии гурӯҳи элита, 40 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита ва зиёда аз 300 тонна чигити тухмӣ аз хориҷи мамлакат ворид гардид.

Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарини кишоварзӣ дониста мешавад, зеро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи асосиро маҳз тухмии хушсифат ишғол мекунад.

Бо афзун гаштани хоҷагиҳои тухмипарварӣ то ба ҳол норасоии тухмии хушсифат ҷой дорад ва деҳқонони мамлакат бештар аз тухмиҳои навъи воридотӣ истифода мебаранд. Тухмии зироати кишоварзӣ бояд дар дохили мамлакат коркард, минтақабоб ва ба навъҳо ҷудо гардида, сипас барои истеҳсол намудан ба марди деҳқон пешниҳод гардад.

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров дар ин маврид иброз дошт, ки «имрӯз истеҳсолкунандагони мо майл ба тухмии воридотӣ доранд. Зеро ҳадафи онҳо гирифтани ҳосили фаровон аст. Аз ин рӯ тухмипарварони моро зарур аст, ки тухмие истеҳсол намоянд, ки ба стандартҳои кишт мувофиқ бошад».

-Барои истеҳсоли тухмии босифати маҳаллӣ бояд ба фаъолияти хоҷагии тухмипарварӣ диққати махсус равона гардад. Зеро майдони тухмипарварӣ сарфи хароҷоти зиёдеро аз майдони истеҳсолӣ талаб мекунад. Дар ҳолати  пурра амалӣ намудани тамоми талаботи моддию техникӣ хоҷагиҳои тухмипарварӣ метавонанд тухмии босифат пешниҳод намоянд, -мегӯяд Зикриёхон Ҳайдаров .

Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки «ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ бояд якчанд имтиёз дода шавад, чунки тухмипарварӣ на танҳо ба таъмини бозори дохилӣ мусоидат мекунад, балки ба содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот зиёд гардад. То замоне, ки мо аз берун ворид кардани тухмии зироати кишоварзиро танзим намекунем, системаи тухмипарвариро дар дохил ташаккул дода наметавонем. Тухмие, ки ворид мешавад, он як ё се сол хизмат мекунад ва боз шароити вориди тухмии дигар ба миён меояд. Дар ин сурат харҷи маблағҳо зиёд мешавад».

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, бо мақсади рушди соҳаи тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ, афзун намудани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ, рушд додани соҳаи кишоварзии сердаромад, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ ва ноил гардидан ба ҳадафи стратегӣ — амнияти озуқавории мамлакат «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»  амалӣ гардид, ки дар натиҷаи татбиқи он  дар  соҳаи мазкур корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Тавре коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло Тошалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, барои инкишофи тухмипарварӣ дастгирии Ҳукумати мамлакат эҳсос мегардад, аммо аз ҷониби истеҳсолкунандагон ҳамоно омори фаъолият меафзояду натиҷа нест.

«Пас барои равнақи ин соҳа ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат бояд ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ таҷҳизот ва техника, нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва дигар дастгирӣ фароҳам карда шавад.  Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ бо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагидорону фермерон вусъат гирад. Ҳамчунин назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, назорати фитосанитарӣ, карантин ва рушди селексияи растанӣ, тайёр намудани кадрҳо ва бозомӯзии мутахассисони соҳа бояд ба таъмини амният ва таъсиси фондҳои давлатии тухмӣ равона гардад. Дар ин сурат тухмиҳои баландҳосил истеҳсол гардида, барои фурӯш ба берун аз ҳудуди мамлакат низ содирот мегарданд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Коршинос таъкид намуд, ки «марди деҳқон набояд фаромӯш созад, ки тухмии навъҳои маҳаллӣ нисбат ба хориҷӣ бартарӣ дорад. Зеро навъҳои маҳаллӣ вобаста ба шароити минтақа парвариш шуда, минтақабоб ҳастанд ва онҳо ба ҳамон шароит мутобиқанд. Инчунин аз нуқтаи назари генетикӣ ва экологӣ тоза буда, дорои генҳои шаклдигаркардашуда набуда, тавассути онҳо маҳсулоти аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар истеҳсол мешавад».

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид