Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Турк баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин дастовардҳо ва иқдоми минбаъдаи кишвар дар соҳаи таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ карда шуданд.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки Тоҷикистон дар доираи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ муколамаи мунтазам ва созандаро идома дода, бо мақомоти шартномавӣ ва ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории зич дорад. Итминон дода шуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ усулҳои эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро риоя хоҳад кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ омодагии ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон изҳор гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






