«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд

Апрель 6, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ таҳти унвони «Якҷоя ба сӯи саломатӣ. Якҷоя ба сӯи илм» ҳамоиши солимгардонӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳарчи бештар фаро гирифтани сокинон ба хизматрасонии тиббӣ ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» аз 6 то 10 апрел дар саросари мамлакат ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд.

Дар муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 апрел аз соати 08:00 ҳамоиши солимгардонӣ ва муоинаи ташхиси ройгон гузаронида мешавад. Дар муассисаҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши солимгардонӣ ва муоинаи ташхиси ройгон 8 апрел, соати 08:00 баргузор хоҳад шуд. Дар ин рӯзҳо сокинони имкон доранд, ки ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисташон муроҷиат намуда, аз хизматрасонии тиббии ройгон истифода баранд.

Иброз гардид, ки аз 6 то 10 апрел дар саросари мамлакат ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, семинару машварат ва дигар чорабиниҳои солимгардонӣ доир мегарданд.

Имрӯз аз соати 08:00 дар саҳни бинои Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои қабул ва суҳбати озоду ошкорои мутахассисон бо шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам шуда, дар маҷмуъ барои машварат ва ташхису муоинаи ройгони сокинон тамоми имконоти зарурӣ муҳайё гардид. Дар ин рӯз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз муоинаи ройгон гузаронида шуда, барои пешгирии бемориҳо ва усулҳои табобати онҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуданд. Аз ҷумла, аз тарафи мутахассисони муассисаҳои тандурустии мамлакат барои муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу раг, шуш ва роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо дар озмоишгоҳҳои сайёр ташхиси ултрасадою рентген гузаронида шуд.

Баргузории чунин чорабинии муҳим дар тамоми олам, хусусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба тамоми табибони ҷаҳон аст, то дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаи хешро дареғ надоранд ва вазифаи хешро бо шарафмандӣ ва садоқату самимият ба ҷо оранд. Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ маҷмуи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо равона гардидаанд.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд