Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»

Май 26, 2026 14:05

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шароити ҷаҳони муосир, замоне, ки ҷаҳон ба тафриқа ва номуайянии афзоянда рӯ ба рӯ аст, ба мо хотиррасон мекунад, ки дар масъалаи об, хусусан истифодаи оқилона ва самараноки он тадбирҳои муассир андешем. Чунин иброз намуд Фиристодаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об хонум Ретно Марсудӣ 26 май дар маросими оғози Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шаҳри Душанбе.

Фиристодаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки об ба башарият на танҳо барои рафъи хатарҳо, балки барои бунёди ҳамкорӣ, устуворӣ ва рушди босуботи муштарак имконоти и васеъро фароҳам овардааст.

Дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давоми солҳои охир Раванди оби Душанбе ва ташаббусҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба платформаи муҳим барои муколамаи шарикӣ ва амал табдил ёфтаанд. Хусусан Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо нақши муассир дорад. Он ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки дар муносибат ба об дурандешона ва оқилона рафтор намоянд.

Хонум Ретно Марсудӣ таъкид намуд, ки «мо ба марҳилаи рӯзномаи нави ҷаҳонии об ворид мешавем. Ин марҳила аз кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ на танҳо музокирот, балки сармоягузорӣ, роҳҳои ҳалли миқёспазир, ҳамкории густурда ва иҷрои уҳдадориҳоро талаб менамояд. Барои суръат бахшидан ба татбиқи амалҳои об ҳамкории кишварҳо, шарикӣ ва маблағгузорӣ зарур аст».

Фиристодаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои хурду бузургро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ва таъмини амнияти обӣ ба роҳ монанд, инчунин дар ин самт дастгирӣ намудани кишварҳои дар ҳоли рушд зарур мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ