Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» шинос гардид

Май 2, 2026 13:17

ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати бунёдкоронаву таваҷҷуҳи пайваста ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар шаҳри Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, корхонаҳои истеҳсолие, ки бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонда буданд, аз нав эҳё мегарданд ва ба фаъолият шурӯъ менмоянд. Яке аз чунин корхонаҳо, ки муддати тӯлонӣ фаъолият надошт ин ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» мебошад, ки  имрӯз бо дастгирии давлатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дубора ба кор дароварда шуд. 

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» ташриф оварда, бо шароити корӣ, ҷараёни истеҳсолот ва нақшаҳои рушди минбаъдаи он аз наздик шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи аввал дар корхона зиёда аз 120 ҷойи кории доимӣ таъсис дода шудааст, ки аксаран сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулот ба корхона зиёда аз 300 адад техника ва воситаҳои нақлиёт ворид карда шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёфта, корхона дар оянда ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсолии минтақа табдил ёбад.

Масъулини корхона иброз доштанд, ки тибқи нақшаҳои пешбинишуда, то моҳи сентябри соли ҷорӣ шумораи ҷойҳои корӣ ба 300 нафар расонида мешавад. Ин тадбир ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодӣ дар шаҳри Кӯлоб мусоидат хоҳад кард.

Май 2, 2026 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд