ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 май, ҷумъа, 135-умин рӯзи соли 2026 аст
15 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ карда шуд.
***
15 майи соли 2015 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
15 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳ «Қасри бахт», бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи нави истеҳсолии «Ориё — Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
15 майи соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Корея, Котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангминро ба ҳузур пазируфтанд.
***
15 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастри» ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи «Акиа нерӯ» мавриди истифода қарор доданд.
15 МАЙ:
Рӯзи байналмилалии оила.
***
Рӯзи ҷаҳонии иқлим.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
15 майи соли 2012 аввалин маротиба дар Тоҷикистон китоби Қуръони азимушшаън аз сӯйи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо хати брайлӣ барои нобиноён ба чоп расид.
***
15 майи соли 2013 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо роҳбари Гурӯҳи ширкатҳои «Akbulut Grubu» Алӣ Акбулут масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, лоиҳаҳо ва фазои сармоягузории Тоҷикистон, инчунин кушодани корхонаҳои муштаракро матраҳ намуданд.
***
15 майи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Тоҷикистон ва Италия масоили рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
15 майи соли 2018 аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Душанбе байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Суди Олии аппелятсионии Ҷумҳурии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
***
15 майи соли 2025 Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 май, панҷшанбе, 134-умин рӯзи соли 2026 аст






