ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 май, душанбе, 138-умин рӯзи соли 2026 аст
18 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 37-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
18 майи соли 2010 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Низор Маданӣ баргузор гардид.
***
18 майи соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфтанд.
***
18 майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфтанд.
***
18 майи соли 2019 дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Таро Коноро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
***
18 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкуловро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории ду давлат баррасӣ гардид.
***
18 майи соли 2023 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт. Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари давлати мизбон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Баррасии масоили ҳамкории ду давлат дар мулоқоти хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин идома ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни вохӯрӣ вазъи кунунии ҳамкории ду давлат ва масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.
18 МАЙ:
Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо.
***
Дар Туркманистон- Рӯзи Конститутсия ва парчам.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
18 майи соли 2001 дар шаҳри Токио бахшида ба робитаҳои тиҷоратӣ–сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамоиш доир шуд.
***
18 майи соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби ISESCO ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ муаррифӣ гардид.
***
18 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи 37-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ баргузор шуд.
***
18 майи соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Таиланд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Бангкок дар кори иҷлосияи 72-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1974 Ҳиндустон ҳамчун 6-умин давлати дорои бомбаи ҳастаӣ шинохта шуд.
***
18 майи соли 2005 аввалин автомобили «Лада Калина» ба истеҳсол бароварда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 май, якшанбе, 137-умин рӯзи соли 2026 аст






