ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 май, ҷумъа, 142-юмин рӯзи соли 2026 аст

Май 22, 2026 08:00

22 майи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, бо бунёди боғу токзори нав аз наздик шинос шуданд. Ноҳияи Хуросон солҳои пеш  бо иқтидори азими истеҳсолӣ ва фаъолияти намунавӣ дар ҷумҳурӣ машҳуру овозадор буд.

***

22 майи соли 2017 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Подшоҳи ин мамлакат Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ва сарони якчанд давлати дигар мулоқот намуданд.

***

22 майи соли 2021 Қосим-Жомарт Токаев ва котиби матбуоти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назари худро аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон  баён доштанд. «Дар ҷараёни гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба мувофиқа расидем, ки роҳро дар самти таҳкими шарикии стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон идома бидиҳем». Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар сафҳаи Twitter-и худ хабар додааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.

***

21 майи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

***

21 майи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

22 майи соли 2025 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

22 МАЙ:

Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ.

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

22 майи соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

***

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

***

22 майи соли 2009 дар арафаи таҷлили Соли бузургдошти Имоми Аъзам (р) дар шаҳри Ҳисор Маркази фарҳангию илмии ба номи Имоми Аъзам ба истифода дода шуд.

***

22 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир, робитаҳои байнипарлумонии ду давлат, инчунин вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

***

22 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду давлат  баррасӣ карда  шуданд.

***

22 майи соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

22 майи соли 2022 дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмоишгоҳи «Иқтисодиёти рақамӣ» ифтитоҳ гардид.

***

22 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

 Соли 1846 дар Ню-Йорк бузургтарин Агентии иттилоотии байналмилалӣ Associated Press таъсис дода шуд.

***

22 майи соли 1940 бо Қарори Прездиуми Шурои олии Иттиҳоди Шуравӣ медали тиллоии досу болға — нишони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Малика Собирова–соли 1942–раққосаи балет. Прима–балеринаи Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1961–1982).

Май 22, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш