ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 май, панҷшанбе, 148-умин рӯзи соли 2026 аст
28 майи соли 2013 дар шаҳри Бишкек байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, илму техника, маориф, фарҳанг ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои ду давлат гуфтугӯйи судманд доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми мулоқоту музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
28 майи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маркази идоракунии сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
***
28 майи соли 2019 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони «Куруши Кабир» -и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.
***
28 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва дидани ҳолати истифодаи заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд. Баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ мулоқоти Сарвари давлат бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.
***
28 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.
***
28 майи соли 2022 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар рӯзи таҷлили 28-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ташриф оварданд.
***
28 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Кохи Борбад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
28 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид.
***
Як сол қабл, 28 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ шуд.
***
28 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид — ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардид.
***
28 майи соли 2025 дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
***
Як сол пеш, 28 майи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ карда шуд.
28 МАЙ:
Дар Тоҷикистон–Рӯзи сарҳадчиён.
***
Рӯзи байналмилалии ҳифзи саломатии занон.
***
Рӯзи сарҳадбон.
***
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди гуруснагӣ
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
28 майи соли 2003 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро қабул намуд.
***
28 майи соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қоидаҳои ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда» тасдиқ гардид.
***
Соли 2009 Президенти вақти Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
***
28 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни Тоҷикистон ва Туркия 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
28 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид.
***
28 майи соли 2012 дар Минск ҷаласаи Шурои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
28 майи соли 2014 дар Баҳрайн Форуми истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1742 дар Лондон аввалин ҳавзи шиноварии пӯшидаи ҷаҳон бунёд карда шуд.
***
Соли 1863 дар Бостон аввалин маротиба дар Амрико полк ташкил карда шуд, ки он танҳо аз сарбозони сиёҳпӯст иборат буд.
***
Соли 1993 Монако аъзои 182-юми Созмони Милали Муттаҳид шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 май, сешанбе, 146-умин рӯзи соли 2026 аст






