ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 май, ҷумъа, 149-умин рӯзи соли 2026 аст
29 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи қатораи мусофиркаш, ки боиси талафоти ҷонию хисороти молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.
***
29 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
29 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара ба сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд карда мешавад.
***
29 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ворид шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён ва дигар шахсони расмӣ бо самимияти хосса гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
***
29 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.
***
29 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
***
Як сол пеш, 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
29 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ ва бо мақсади иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф оварда буд, мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат баррасӣ гардид.
***
29 майи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ рӯзномаи ҷории равобити ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
***
29 майи соли 2025 дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
29 МАЙ:
Рӯзи кафшергар.
***
Дар Федератсияи Русия–Рӯзи ронандагони ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
29 майи соли 1992 муносиботи дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор гардид.
***
29 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.
***
29 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи шашуми ҳамкории минтақавии Русия ва Тоҷикистон доир шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
Соли 1802 падидаи камони барқӣ кашф карда шуд.
***
Соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таъсис ёфтааст.
***
Соли 1964 Никита Хрушёв эълон намуд, ки Иттиҳоди Шуравӣ барои аксбардории ҳудуди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз спутник–ҷосус истифода мебарад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 май, панҷшанбе, 148-умин рӯзи соли 2026 аст






