ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, душанбе, 124-умин рӯзи соли 2026 аст

Май 4, 2026 08:00

4 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

***

4 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва вазири мудофиаи ин давлат Питер де Кримро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Белгия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Намояндагии доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбаралӣ Песнани ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд ва дурнамои муносиботи судбахшро муҳокима намуданд

***

4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид.

***

4 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

4 майи соли 2023  дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда» баргузор гардид.

4 МАЙ:

Дар Тоҷикистон- Рӯзи кормандони мақомоти андоз

***

Дар Чин — Рӯзи ҷавонон

***

Рӯзи байналмилалии оташнишонон

РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:

4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

4 майи соли 2011 дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома байни Федератсияҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар бораи муҳоҷират баргузор гардид.

***

4 майи соли 2017 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Дар мубориза бо миллатгароӣ мо якҷо будем» баргузор гардид.

***

4 майи соли 2023 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай дар Гоаи Ҳиндустон иштирок намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:

Соли 1910 Флоти ҳарбӣ-баҳрии Канада созмон дода шуд.

***

Соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса ҳаштумин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ифтитоҳ гардиданд (27 июли соли 1924 ба анҷом расиданд).

***

4 майи соли 1939 Иттифоқи композиторони Қазоқистон таъсис дода шуд.

***

4 майи соли 1949 дар садамаи ҳавопаймоӣ ҳайати дастаи футболи «Торино»-и Италия ҳалок гардид.

***

4 майи соли 1993 Конститутсияи Қирғизистон қабул гардид.

Май 4, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш