ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 май, сешанбе, 125-умин рӯзи соли 2026 аст
5 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Директори генералии вақти ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсулашон дар густариш додани ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ЮНЕСКО медали тиллоии ЮНЕСКО–ро, ки барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) ба наздикӣ (соли 2009) таъсис ёфтааст, тақдим намуд.
***
5 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум зиёда аз 30 масъалаи муҳимро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.
***
5 майи соли 2023 дар Остона дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид.
5 МАЙ:
Рӯзи ҷаҳонии муошират.
***
Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон.
***
Рӯзи байналмилалии доя .
***
Дар Эфиопия – Рӯзи озодӣ.
***
Дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ–Рӯзи кӯдак
РӮЙДОДҲОИ ТОҶИКИСТОН:
5 майи соли 1947 Осорхонаи санъати тасвирии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
***
5 майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар назди Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Русия мактаби Тоҷикистон –Русия ифтитоҳ карда шуд.
***
5 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ба имзо расид.
***
5 майи соли 2009 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Элизабет-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фарҷоми чемпионати озод оид ба тэквандо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар санҷиши умумидаставӣ мақоми аввалро касб намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бозии давраи нуҳуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар Лигаи олӣ байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Барқчӣ»-и Ҳисор доир шуд.
***
5 майи соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
***
5 майи соли 2021 олимони тоҷик дар конфронси «Меҳнат барои Ғалаба: захираҳои меҳнатӣ ва иқтисодиёти Урал ва Осиёи Марказӣ дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон» иштирок намуданд.
***
5 майи соли 2022 масъалаи таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ:
5 майи соли 1956 дар шаҳри Токиёи Ҷопон аввалин чемпионати чаҳон оид ба дзюдо баргузор гардид.
***
Соли 1966 дар Русия аввалин шумораи ҳафтаномаи «Книжное обозрение» нашр шуд.
***
5 майи соли 2023 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вазъи фавқулодаи ҳамагирии COVID-19-ро барҳам дод.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, душанбе, 124-умин рӯзи соли 2026 аст






